1 июни соли 2025 дар шаҳри Кокшетауи вилояти Акмолаи Ҷумҳурии Қазоқистон Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ярмаркаи маҳсулоти кишоварзию саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор намуд.
Ярмаркаи мазкурро Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон Х. Ибодзода ва ҳокими вилояти Акмола М.Ахметжанов ифтитоҳ намуданд.
Дар ярмаркаи мазкур 26 номгӯи маҳсулоти ватанӣ бо вазни умумии 130 тонна аз қабили меваи тару тоза, сабзавоти мавсимӣ, шарбати меваю сабзавот, нушокиҳои ташнашикан ва меваҳои хушк пешкаш гардид.