20 майи соли 2025 вохӯрии муовини директори Агентии содирот бо ҳайати бахши хусусии Арабистони Саудӣ баргузор гардид.
Зимни вохӯри масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба ҷиҳати имконоти бунёди марказҳои агрологистикӣ дар кишвар ва содироти молу маҳсулоти ватанӣ ба бозорҳои Арабистони Саудӣ маврди баррасӣ қарор гирифт.
Қайд гардид, ки ташкили чунин марказҳо имкон медиҳад, ки маҳсулоти хушсифат ва мутобиқ ба стандартҳои саудиро бандубаст карда, бо нархҳои барои ҳарду ҷониб мусоид ба бозорҳои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва бозорҳои сеюм содирот гардад.
Ҷониби Саудӣ пешниҳод намуд, ки раванди ҳамкориро идома дода, барои татбиқи амалии ташаббусҳои пешниҳодшуда чораҳои мушаххас андешанд.