Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таъмини амалишавии нишондиҳандаҳои Барномаи давлатии рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 Агентии содироти назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳавасмандгардонии содирот, таъмин намудани гуногуншаклии истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда ва содагардонии расмиёти савдо тадбирҳои заруриро амалӣ намуда истодааст.
Бо иқдоми Агентии содироти назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар доираи татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон ҷиҳати истифодаи самараноку оқилонаи замин ва рушди содироти маҳсулоти кишоварзӣ, ҳаҷми содироти маҳсулоти тару тоза ба хориҷи кишвар босуръат афзоиш меёбад.
Дар марҳилаи сеюми содироти мавсимӣ, беш аз 15 мошини боркаш бо зиёда аз 250 тонна маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла пиёзи барвақтӣ, карам, лаблабу ва зардолу ба бозорҳои Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон равона гардиданд. Дар ин раванд роҳбарияти Агентии содирот ва вилояти Хатлон иштирок намуда, баҳри таъмини сифати содирот ва расонидани саривақтии он тавсияҳои мушаххас доданд.
Бинобар сабаби тағирёбии боду ҳаво ва боришоти зиёд шуруъ аз 15 апрели соли 2025 аз ҷониби КВД “Тоҷагропромэкспорт”-и Агентии содирот мавсими ҷамъоварии пиёз ба таври муташакилона, бо шарти нигоҳдории захираҳои анбории пиёз дар сатҳи меъёрҳои тавсиявии истеъмолӣ бо мақсади пешгирии болоравии нархи маҳсулоти мазкур дар бозорҳои дохилии кишвар ба роҳ монда шуда, бештар аз 2820 тонна пиёз аз хоҷагиҳои деҳқонӣ харидорӣ ва ба хориҷи кишвар содирот карда шуд. Бояд қайд намуд, ки ин нишондоди ниҳоӣ набуда, бо дарназардошти фаровонии маҳсулоти барвақтӣ содироти бештари он ба роҳ монда мешавад.
Ҳамчунин, аз ҷониби филиали КВД “Тоҷагропромэкспорт” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 670 тонна маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла пиёз, зардолу, себ, гулкарам, бодиринг, кадуи сабз ва меваи хушк содирот карда шуд.
Дар умум аз ҷониби Агентии содирот дар соли ҷорӣ 3 598,6 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ва 17 042 тонна маҳсулоти саноатӣ ба кишварҳои Русия, Қазоқистон, Узбекистон ва Туркия ба маблағи 28 млн 781 ҳазор сомонӣ содирот гардидааст.
Ҳадаф аз амалишавии иқдомҳои мазкур пеш аз ҳама иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар самти зиёд намудани содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар мебошад.