4 ноябри соли 2024 прокурори Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзод дар доираи сафари расмии асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлат Дар конфронси байналмилалии сатҳи баланд бо номи "Таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар мубориза бо терроризм ва ташкили механизмҳои самараноки амнияти сарҳадӣ – марҳилаи Кувайтии Раванди Душанбе"иштирок намуданд. Конфронси сатҳи баланд бо суханронии ифтитоҳии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шоҳзодаи Вориси Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ Ал-Халид Ал-Ҳамад Ал-Муборак Ал-Сабоҳ оғоз гардид ва дар доираи мулоқот дар сатҳи вазирон гузориши прокурори Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ю.А. Раҳмон Дар мавзӯи "ҳамкории Байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бо терроризм"пешниҳод гардид. Ҳамзамон, яке аз ҷаласаҳои Мавзӯии Конфронси сатҳи баланд бо номи "Хатарҳо ва таҳдидҳои амнияти сарҳадии ҷаҳонӣ: нигоҳи минтақавӣ аз Осиеи Марказӣ, Лигаи давлатҳои араб ва Африқо" таҳти раесати сардори маркази ягонаи иттилоотӣ Оид ба пешгирии экстремизм, терроризм Ва ҷиноятҳои киберии прокуратураи Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудзода М.м. баргузор гардид Ва дар доираи мавзӯи чорабинӣ гузориши ӯ пешниҳод гардид.