14 майи соли 2026 ҷаласаи бисту сеюми прокурорҳои генералии давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) таҳти раисии Ҷумҳурии Исломии Покистон тариқи маҷозӣбаргузор гардид.
Дар кори ҷаласа ҳайатҳои Беларус, Ҳиндустон, Эрон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Покистон, Тоҷикистон, Россия, инчунин ҳайати котиботҳои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ва Кумитаи иҷроияи сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) иштирок карданд.
Дар ҷаласа масъалаҳои рушди ҳамкории судӣ ва ҳуқуқӣ дар соҳаи адлияи ҷиноятии фаромарзӣ, ёрии ҳуқуқии мутақобила, ҳалли баҳсҳо, баргардонидани дороиҳо ва мубориза бо экстремизм, терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ баррасӣ шуданд.
Дар натиҷаи ҷаласа иштирокчиён омодагии худро барои таҳкими ҳамкориҳои амалии байни прокуратураҳои давлатҳои узви СҲШ дар мубориза бо ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ, аз ҷумла баланд бардоштани самаранокии ёрии мутақобилаи ҳуқуқӣ, мубориза бо шустушӯи пул ва таъмини баргардонидани дороиҳо тасдиқ намуда, дар назди худ мақсад гузоштанд, ки талошҳо минбаъд муттаҳид ва ҳамкориҳои ҳамаҷониба амиқтар карда шаванд.Инчунин тасмим гирифта шуд, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, маълумотномавӣ, методӣ, иттилоотӣ-таҳлилӣ, илмӣ ва дигар маводҳоро дар соҳаи ҳамкории ҷиноятии фаромарзӣ ва амалияи татбиқи ҳуқуқ дар асоси ихтиёрӣ мубодила намоянд, ҳамкориҳои байни донишкадаҳои таълимии прокуратураҳои давлатҳои аъзои СҲШ – ро дар соҳаи тайёрӣ ва баланд бардоштани ихтисоси кадрҳои прокурорӣ вусъат дода, якҷоя дар доираи СҲШ оид ба такмили минбаъда, беҳтар кардани ёрии мутақобилаи ҳуқуқӣ ва механизмҳои ҳамоҳангсозии фавқулодда вохуриҳо гузаронида шаванд.
Мулоқот дар руҳияи дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмии комил анҷом дода шуд.