21 майи соли 2026 дар маҷлисгоҳи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники адлия Воҳидзода Ҳабибулло Сайдулло бо ҷавонони кишвар — аъзои иттиҳодияи ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» баргузор гардид.
Чорабинии мазкур баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун рамзи истиқболи “Рузи ҷавонони Тоҷикистон”, ки 23 майи ҳар сол таҷлил гирифта мешавад, гузаронида шуд. Дар он масъалаҳои нақши ҷавонон дар таҳкими давлатдорӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқӣ ва пешгирии ҷинояткорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки ҷавонон нерӯи пешбарандаи ҷомеа ва ояндаи давлату миллат буда, сиёсати давлатии ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятноки давлати Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.Маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ барои таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавон, рушди илму маориф, варзиш, технологияҳои муосир ва ташаккули тафаккури инноватсионӣ заминаҳои мусоид фароҳам оварда шуда, стратегияву барномаҳои давлатӣ, бунёди муассисаҳои таълимӣ ва варзишӣ, инчунин дастгирии ташаббусҳои ҷавонон ҳамчун самти муҳими сиёсати иҷтимоии давлат таъмин гардид.
Прокурори генералӣ диққати ҷавононроба масъалаҳои ташвишовари замон, аз ҷумла ҷинояткорӣ миёни ноболиғону ҷавонон, нашъамандӣ, таъсири манфии шабакаҳои иҷтимоӣ, хурофотпарастӣ, экстремизм ва терроризм ҷалб намуд. Таъкид карда шуд, ки пешгирии чунин зуҳуроти номатлуб танҳо дар сурати ҳамкории оила, ҷомеа, муассисаҳои таълимӣ ва мақомоти давлатӣ, инчунин бо иштироки фаъоли худи ҷавонон имконпазир аст.
Ба ҷавонон тавсия дода шуд, ки аз тамоми имкониятҳои мавҷуда барои таҳсил, омӯзиши илмҳои дақиқ, технологияҳои иттилоотӣва инноватсионӣ, касбомӯзӣ, мутолиа, варзиш ва иштироки фаъол дар ҳаёти ҷамъиятӣ самаранок истифода баранд. Азҷавонон даъват ба амал оварда шуд, ки ба эътимоди давлату Ҳукумат сазовор буда, дар роҳи таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, қонуният ва рушди устувори кишвар саҳми арзандаи худро гузоранд.
Дар анҷоми ҳамоишбайни Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷавонони кишвар — аъзои иттиҳодияи ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат»саволу ҷавоби муфид ва суҳбати ошкоро сурат гирифт.