Дар заминаи таъмини иҷрои дастуру супоришҳо, пайравӣ аз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақшаи фаъолияти Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон рӯзҳои 22–23 апрели соли 2026 вохӯрӣ ва мулоқоту суҳбатҳо бо сокинони шаҳрҳои Исфара ва Конибодоми вилояти Суғд дар мавзӯи «Худогоҳию худшиносии миллӣ – василаи мубориза бо таассуб ва хурофот» баргузор гардид.
Дар мулоқот Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники адлия Воҳидзода Ҳабибулло Сайдулло, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам ва дигар намояндагони мақомоти давлатӣ иштирок намуданд.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои таҳкими ваҳдати миллӣ ҳамчун пояи устувори пойдории Истиқлоли давлатӣ, баланд бардоштани сатҳи худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ, мубориза бо хурофотпарастӣ, таассуби динӣ, ифротгароӣ ва терроризм, пешгирии ҷинояткорӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ, бахусус дар байни ҷавонон, вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз мавриди баррасӣ ва муҳокимарониҳои ҷиддӣ қарор гирифтанд.
Таъкид гардид, ки худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ омили муҳими муқовимат бо зуҳуроти номатлуб буда, ҳар як шаҳрванди бошуур уҳдадор аст дар ҳифз ва таҳкими ваҳдати миллӣ, арзишҳои миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ саҳми арзандаи худро гузорад.
Мулоқотҳо дар доираи омодагӣ ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» баргузор шуданд.
Сокинони шаҳрҳои Исфара ва Конибодом дар вохӯрӣ фаъолона иштирок намуда, андешаҳои худро иброз доштанд. Чорабиниҳо дар фазои созанда ва бо ҳадафи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсии аҳолӣ, тақвияти ҳисси худогоҳии миллӣ ва пешгирии падидаҳои номатлуб баргузор гардиданд.
Ҳамчунин, 23 апрели соли 2026 дар ҳошияи сафари корӣ дар шаҳри Конибодом, мулоқоти Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Воҳидзода Ҳабибулло Сайдулло ва раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам бо 178 нафар ятимону бепарасторон аз шаҳрҳои Исфара ва Конибодом баргузор гардид.
Зимни суханронии худ Прокурори генералӣ муҳтарам Воҳидзода Ҳабибулло Сайдулло махсус зикр карданд, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба ятимону бепарасторон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, барои онҳо шароити мусоид фароҳам меоранд. Прокуратураи генералӣ низ дар доираи чунин сиёсати иҷтимоӣ ба дастгирии ин қишри ҷомеа аҳамияти махсус медиҳад.
Таъкид шуд, ки ятимону бепарасторон таҳти ғамхории ҳамешагии давлат қарор дошта, барои таълиму тарбияи онҳо ва омодасозӣ ба ҳаёти мустақил тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд.
Дар фарҷом ба ятимон дастурхони идона ороста гардида, барномаи фарҳангӣ пешниҳод шуд ва аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо туҳфаҳо супорида шуданд.