4 октябри Соли 2024 дар доираи сафари кории худ ба Ҷумҳурии Арманистон прокурори Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзод дар ҷаласаи 34-уми прокурорҳои Генералии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуда, дар мавзӯи "Нақш ва амалияи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешгирии экстремизм, терроризм ва ҷиноятҳои киберӣ"суханронӣ намуд. Дар ин чорабинӣ инчунин роҳбарияти прокуратураҳои генералии давлатҳои иштирокчии ИДМ Ҷумҳурии Арманистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Узбекистон, инчунин котиби Иҷроияи КСГП ИДМ иштирок ва баромад карданд. Дар доираи ҷаласа оид ба нақши мақомоти прокуратура дар соҳаҳои гуногуни фаъолияти прокурорӣ, аз ҷумла ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ба кори мақомоти прокуратура, ҳимояи манфиатҳои давлатӣ оид ба ҷиноятҳои коррупсионӣ, ҳимояи ҳуқуқҳои ноболиғон, ҳимояи соҳибкорӣ ва дастгирии лоиҳаҳои сармоягузорӣ, тайерӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандони прокуратура ва тафтишот, ташкили назорати прокурорӣ оид ба риояи ҳуқуқҳои иҷтимоӣ ва шаҳрвандони осебпазир ва пешгирии экстремизм, терроризм ва ҷиноятҳои киберӣ. Ҷонибҳо табодули афкорро бо мақсади баҳисобгирии имконпазир дар фаъолияти амалӣ ба инобат гирифтанд ва дар бораи таҳкими ҳамкорӣ байни прокуратураҳои давлатҳои иштирокчӣ дар соҳаҳои дар боло зикршуда ба мувофиқа расиданд.