25 феврали соли 2026 мулоқоти Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Воҳидзода Ҳ.С. бо Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Радослав Дарски баргузор гардид.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳои ҳуқуқии ҷорӣ ва мутақобиларо дар соҳаи таъмини амният мавриди баррасӣ қарор дода, ба таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо дар мубориза бар зидди терроризм, мустаҳкам намудани сарҳади давлатӣ, инчунин истирдоди шахсони дар кофтуков қарордошта таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.
Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Воҳидзода Ҳ.С. аҳамияти такмил додани механизмҳои ёрии ҳуқуқии мутақобиларо таъкид карда, ҳамзамон зарурати баланд бардоштани фаврияти ҳамкориҳои мақомоти салоҳиятдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои Иттиҳоди Аврупоро қайд намуд.
Дар навбати худ, Сафир Радослав Дарски дар бораи лоиҳаҳои Иттиҳоди Аврупо, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ шуда, ба мубориза бар зидди терроризм, таҳкими сарҳади давлатӣ, муқовимат ба ҷинояткории фаромиллӣ ва ғайра нигаронида шудаанд, маълумоти муфассал пешниҳод намуд.
Сафир барои қабул миннатдорӣ баён карда, омодагии худро барои рушди минбаъдаи муколамаи самарабахш тасдиқ намуд.
Вохӯрӣ дар фазои дӯстона ва созанда баргузор гардид.