13 феврали соли 2026 дар Прокуратураи генералӣ бо намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор гардид, ки дар он Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники адлия Воҳидзода Ҳабибулло Сайдулло аз натиҷаи фаъолияти мақомоти прокуратура дар соли 2025 ба хабарнигорон иттило дод.
Қайд карда шуд, ки дар давоми соли 2025 аз ҷониби мақомоти прокуратура 7 124 санҷиш гузаронида, 4 546 парвандаҳои ҷиноятӣ (аз ин, 1503 коррупсионӣ) оғоз намуда, 67080 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ кашида шуда, ҳуқуқу манфиатҳои 269758 нафар барқарор карда шуданд. 1 млрд. 980 млн. сомонӣ маблағи зарар (аз ин, 1 млрд. 6 млн. сомонӣ ба манфиати давлат) рӯёнида ва 162,6 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонида шудааст.
Ба мақомот 47187 муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ворид гардида, 13 828 адади онҳо бевосита баррасӣ ва аз ин миқдор 3448 адад қонеъ карда шудааст.
Дар самти назорати иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонон 6621 санадҳои эътиноӣ оварда, 10086 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ кашида шуда, 755 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва 45,4 млн. сомонӣ зарар барқарор карда шудааст.
Прокуророн назоратро бо 25080 парвандањои љиноятї таъмин намуда, аз ин 14041 парвандаро барои баррасї ба суд ирсол намуданд.
Муфаттишони прокуратура тафтиши 4481 парвандаи љиноятиро ба итмом расонида, дар рафти тафтиши пешакӣ 112 млн. сомонӣ, аз ҷумла 73,5 млн. сомонро ба манфиати давлат барқарор намудаанд.
Прокуророн дар баррасии 11941 парвандаи ҷиноятӣ ва 13059 парвандањои маданию оилавӣ, иқтисодӣ ва маъмурӣ иштирок намуда, ба санадҳои ғайриқонунии судҳо 800 эътироз овардаанд.
Ҷиҳати тарғибу ташвиқи қонунгузорӣ 19969 суҳбату вохўриҳо гузаронида, дар воситаҳои ахбори омма 3560, аз ҷумла ба воситаи телевизион 1443, радио 1102, матбуоти даврӣ 1015 баромадҳо баргузор карда шудааст.
Дар нишасти матбуотӣ теъдоди зиёди рӯзноманигорон ширкат карда, ба саволҳои худ посухҳои ҳамаҷониба гирифтанд.
Маркази матбуоти
Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷ