21 октябри соли 2025 дар пойтахти Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, 35-умин ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии прокурорҳои генералии давлатҳои – иштирокчии ИДМ бомуваффақият баргузор гардид.
Сараввал, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони ҳайатҳои прокуратураҳои генералии давлатҳои аъзои ИДМ-ро, ки узви Шӯрои ҳамоҳангсозии прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои ИДМ мебошанд, ба ҳузур пазируфтанд.
Дар ҷараёни мулоқот аз ҷониби Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди низоми боэътимоди ҳамкории кишварҳои Иттиҳод барои таъмини қонуният ва мубориза бо ҷинояткорӣ дар давоми се даҳсола қайд карда шуда, дар ин замина нақши калидии мақомоти прокуратура махсусан таъкид гардид.
Дар баробари ин ба зарурати таҳкими ҳамкории прокуратураҳо дар доираи ИДМ ва дигар сохторҳои байналмилалию минтақавӣ ҷиҳати муқовимат ба ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва ҳама гуна зуҳуроти таҳдиду хатарҳои муосири амниятӣ ишора карда шуд.
Ҳамчунин Сарвари давлат аз натиҷаҳои мусбати ҷаласаи сарони давлатҳои ИДМ ва Ҳамоиши “Осиёи Марказӣ - Русия”, ки чанде пеш дар шаҳри Душанбе баргузор гардида буд, изҳори қаноатмандӣ карда, муҳимияти қабул гардидани Барномаи сесолаи ҳамкории кишварҳои иштирокдор оид ба муқовимат ба терроризм ва экстремизм барои солҳои 2026-2028-ро дар таҳкими сулҳу субот ва амният дар минтақа қайд намуданд.
Баъдан кори ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии прокуратураҳои генералии давлатҳои аъзои ИДМ оғоз гардид.
Дар ҷаласа ҳайатҳои мақомоти прокуратураҳои кишварҳои узви ИДМ - Ҷумҳурии Арманистон, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки дар Шӯрои ҳамоҳангсозӣ намояндагӣ мекунанд, инчунин Котиботи Шӯрои ҳамоҳангсозии ИДМ иштирок намуданд.
Ба ҳайатҳои прокуратураҳои генералӣ — аъзоёни Шӯрои ҳамоҳангсозӣ ё намояндагони ваколатдори онҳо роҳбарӣ мекарданд - Анна Кареновна Вардапетян - Прокурори генералии Ҷумҳурии Арманистон, Андрей Иванович Швед - Прокурори генералии Ҷумҳурии Беларус, Галымжан Мамбетович Койгелдиев - муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Қазоқистон, Асаналиев Максат Кубатович - Прокурори генералии Ҷумҳурии Қирғизистон, Александр Владимирович Гутсан - Прокурори генералии Федератсияи Россия, Воҳидзода Ҳабибулло Сайдулло - Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Йулдашев Нигматилла Тулкинович - Прокурор генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон.
Ҳайати вакилони котиботи ШҲПГ ИДМ зери роҳбарии котиби иҷроияи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ – Юрий Николаевич Жданов дар ҷаласа иштирок намуданд.
Дар ҷаласа муовини Прокурори генералии Туркманистон, муовини Котиби генералии ИДМ, Котиби генералии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД), Раиси Кумитаи Думаи давлатии Федератсияи Россия оид ба амният ва муқовимат ба коррупсия, роҳбари Маркази зиддитеррористии ИДМ ва раиси Шӯрои роҳбарони воҳидҳои иктишофи молиявии давлатҳои - иштирокчии ИДМ ҳамчун меҳмонони даъватшуда ширкат варзиданд.
Дар ҷаласа таҷрибаи беҳтарини мақомоти прокуратураҳои кишварҳои узви ИДМ, ки дар Шӯрои ҳамоҳангсозӣ намояндагӣ мекунанд, мавриди таваҷҷуҳ қарор дода шуданд.
Аз ҷумла, масъалаҳои таъмини амнияти экологӣ, масъалаҳои актуалии мусодираи амволи ғайриқонунӣ бадастовардашуда, такмил додани системаи чораҳои ҷавобгарии ҷиноятӣ, автоматикунонӣ ва мониторинги таҳлилии баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон ва мубориза бо расмиятчигӣ дар баррасии шикоятҳо дар мурофиаи ҷиноятӣ, ҳифзи ҳуқуқи ноболиғон, мубориза бо ҷинояткорӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, экстремизм ва терроризм, назорат аз болои иҷрои қонунгузорӣ дар соҳаи сохтмон дида баромада шуда, доир ба онҳо таклифҳои мушаххас пешниҳод гардиданд.
Вазъи ҷинояткорӣ, корҳои тафтишотӣ, фаъолияти прокурорӣ, амалияи татбиқи шартномаҳо дар соҳаи ҳамкории байналмилалии ҳуқуқӣ дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар давлатҳои аъзои ИДМ дар соли 2024, табиқи барномаҳои ҳамкории давлатҳои аъзои ИДМ дар соли 2024, аз ҷумла Барномаи байнидавлатии тадбирҳои муштарак оид ба мубориза бар зидди ҷинояткорӣ барои солҳои 2024-2028, Барномаи ҳамкории давлатҳои аъзои ИДМ дар мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм барои солҳои 2023-2025, Барномаи ҳамкории давлатҳои аъзои ИДМ дар таҳкими амнияти сарҳадӣ дар сарҳадҳои беруна барои солҳои 2021-2025 мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Ҳамчунин бо овоздиҳии умумӣ Прокурори генералии Федератсияи Россия Александр Владимирович Гутсан ба ҳайси Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои аъзои ИДМ интихоб гардид.
Бо қарори Шӯрои ҳамоҳангсозӣ Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Воҳидзода Ҳабибулло Сайдулло ва Прокурори генералии Ҷумҳурии Қирғизистон Асаналиев Максат Кубатович бо нишони сарисинагии "Прокурори фахрии давлатҳои ИДМ" сарфароз гардонида шуданд.
Бо медали «Барои таҳкими қонуният ва тартибот»-и Шӯрои ҳамоҳангсозии прокуратураҳои генералии ИДМ ҳамчунин намояндагони мақомоти прокуратураҳои кишварҳои узви ИДМ, ки аъзои Шӯрои ҳамоҳангсозӣ мебошанд, мукофотонида шуданд.
Бо натиҷаи ҷаласа Протоколи ҷамъбастӣ ба имзо расида, қарорҳои дахлдор қабул ва ҷойи баргузории ҷаласаи навбатӣ мувофиқа карда шуд.
Ҳамчунин дар ҳошияи ҷаласа як қатор вохӯриҳои дуҷонибаи прокурорҳои генералии давлатҳои узви ИДМ, ки дар Шӯрои ҳамоҳангсозӣ намояндагӣ мекунанд, аз ҷумла, вохӯриҳои дуҷонибаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузор гардиданд.