Имрӯз, 20 октябри соли 2025, дар шаҳри Душанбе дар ҳошияи ҷаласаи 35-уми Шӯрои ҳамоҳангсози прокурорҳои генералии кишварҳои узви ИДМ (ШҲТБҶ) мулоқоти дуҷонибаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Воҳидзода Ҳ.С. ва Прокурори генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Йулдошев Н.Т. баргузор гардид.
Зимни мулоқот, ки дар фазои дӯстӣ ва муколамаи созанда сурат гирифт, самтҳои асосии ҳамкориҳои дуҷониба, ҳамчунин масъалаҳои таҳкими ҳамоҳангсозӣ дар мубориза бо ҷиноятҳои фаромарзӣ ва муташаккил, аз қабили терроризм, қочоқи маводи мухаддир ва киберҷиноятҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамчунин қайд карда шуд, ки ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ду давлати бародар, дӯст ва ҳамсоя буда, ҷиҳати боз ҳам ҷоннок намудани ҳамкориҳои дуҷонибаи мақомоти прокуратура бояд чораандешӣ карда шавад.
Дар ин раванд, ҷониби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон омодагии хешро дар самти бозомузии касбӣ, баланд бардоштани тахассуси касбии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, алахусус дар самти мубориза бар зидди киберҷиноятҳо баён намуд.
Дар умум мулоқот дар фазои дӯстӣ ва якдигарфаҳмӣ баргузор гардид.