19 октябри соли 2025 дар ҳошияи 35-умин ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии прокурорҳои генералии давлатҳои – аъзои ИДМ (ШҲПГ ИДМ) дар Душанбе мулоқоти дуҷониба байни Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Воҳидзода Ҳ.С. ва Котиби генералии СААД Тасмагамбетов И.Н. баргузор гардид.
Дар ҷараёни музокироти созанда ҷонибҳо масъалаҳои мубрами марбут ба назорати прокурорӣ ва амнияти дастаҷамъӣ, инчунин самтҳои тақвияти ҳамкориҳои байниидоравиро баррасӣ намуданд. Таваҷҷуҳи асосӣ ба масъалаҳои ҳамоҳангсозии талошҳо дар соҳаи ҳуқуқӣ ҷиҳати муқовимат ба таҳдидҳо ва хатарҳои умумӣ дар минтақаи амнияти дастаҷамъии Осиёи Марказӣ, аз ҷумла терроризм, экстремизм ва ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ равона карда шуд.
Ҳамчунин дар рафти мулоқот Котиби генералии СААД Тасмагамбетов И.Н. ташаббус ва нақши муҳими Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар қабул ва амалисозии Барномаи байнидавлатии таҳкими сарҳади Тоҷикистону Афғонистон қайд намуд.
Дар баробари ин, аз ҷониби охирин ба корҳои сохтмониву созандагӣ, азнавсозӣ ва мустаҳкамкунии дидбонгоҳҳои сарҳадӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои баланд дода шуд.
Қайд гардид, ки таҷҳизонидан ва мустаҳкамкунии сарҳади давлатии Тоҷикистону Афғонистон баҳри таъмини амнияти минтақавӣ вазифаи ҳар як давлати Осиёи Марказӣ мебошад.
Дар умум мулоқот дар фазои дӯстиву созандагӣ баргузор гардид.