19 октябри соли 2025 дар ҳошияи 35-умин ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии прокурорҳои генералии давлатҳои - иштирокчии ИДМ (ШҲПГ ИДМ) дар Душанбе мулоқоти дуҷониба байни Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Воҳидзода Ҳ.С. ва Прокурори генералии Ҷумҳурии Қирғизистон Асаналиев Максат Кубатович баргузор гардид.
Зимни мулоқот прокуророни генералӣ масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷониба ва таъмини амнияти минтақавиро баррасӣ карданд. Таваҷҷуҳи асосӣ ба мубориза бо терроризм ва экстремизм, муқовимати муштарак ба ҷинояткории трансмиллии муташаккил ва таҳияи чораҳои муассир оид ба мубориза бо ҷинояткории киберӣ равона карда шуд.
Ҳамчунин дар рафти мулоқот оиди баимзорасонии Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар самти делимитатсия ва демаркатсия ва сиёсати хирадмандонаи пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон, муҳтарам Садир Жапаров қайд карда шуд.
Илова гардид, ки Созишномаи мазкур як қадами таърихӣ буда, эътимод ва ҳамсоягии нек, инчунин муносибати бародаронаро мустаҳкам намуд.
Дар умум мулоқот дар фазои дӯстӣ ва якдигарфаҳмӣ баргузор гардид.