Дар ҷаласаи мазкур ҳайати Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники адлия Воҳидзода Ҳ.С. ширкат варзиданд.
Ҳамчунин дар ҷаласа прокурорҳои генералии Арабистони Саудӣ, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Покистон, Туркия, Туркманистон, Ӯзбекистон, Эрон ва Котиби генералии СҲИ иштирок доштанд.
Иштирокдорони ҷаласа масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла мубориза бар зидди коррупсия, ҷоннок намудани фаъолият дар самти ҳифзи муҳити зист, инчунин хатар ва таҳдидҳои ҷиноятҳои фаромиллии муташаккилро мавриди муҳокима қарор дода, таъкид намуданд, ки муборизаи беамон ба муқобили ин таҳдиду хатарҳои мураккаб ва торафт афзоянда тақвият додани ҳамкории ҳуқуқӣ байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои узвро талаб менамояд.
Дар ин ҷода тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҷаласаҳои прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои СҲИ мунтазам баргузор карда шуда, шароити мусоид барои дуруст ба роҳ мондани ҳамкории ҳуқуқӣ байни давлатҳои аъзои СҲИ фароҳам оварда шавад.
Аз натиҷаи ҷаласа бошад, Декларатсияи Тошкент қабул ва нақшаи ҳамкорӣ байни прокуратураҳои генералии давлатҳои аъзои СҲИ тасдиқ карда шуд.
Баъд аз анҷоми ҷаласа мулоқоти дуҷонибаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Воҳидзода Ҳ.С. бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Озарбойҷон Алиев К.Б. баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҳамкориҳои дуҷониба байни мақомоти прокуратураҳои ду кишвар ва ҳамкории минбаъда байни ин ниҳодҳо дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ матраҳ гардид.