2 июни соли 2025 мулоқоти Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Воҳидзода Ҳ.С. бо роҳбари Маркази минтақавии Созмони Милали Муттаҳид оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ (UNRCCA) Каха Имнадзе баргузор гардид.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои мубрам ва таҳдидҳо, ки бо паҳншавии идеологияҳои террористӣ ва экстремистӣ алоқаманданд, баррасӣ шуда, роҳҳои минбаъдаи таҳкими талошҳои муштарак барои муқовимат ба ин падидаҳо муайян гардиданд.
Прокурори генералӣ Воҳидзода Ҳ.С. қайд намуданд, ки мубориза бо терроризм ва экстремизм тақозои амалҳои ҳамоҳангшударо дар ҳама сатҳҳо дошта, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амиқтар кардани ҳамкориҳои худ дар ин самти муҳим омода мебошад.
Роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ Каха Имнадзе дар навбати худ изҳор доштанд, ки муқовимат ба терроризм ва экстремизм танҳо тавассути ҳамкории зич ва риояи меъёрҳои байналмилалӣ имконпазир аст.
Аз натиҷаи вохӯрӣ ҷонибҳо изҳори итминон карданд, ки созишҳои ҳосилшуда заминаи мустаҳкаме барои ҳамкории минбаъдаи судманд, ки ба таъмини амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ нигаронида шудааст, хоҳанд шуд.