6 майи соли 2025 дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амали намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти раисии Раиси шуро-Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти адлия Воҳидзода Ҳабибулло Сайдулло, ҷаласаи шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ҷаласаи шуро сараввал иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пешгирии истифодаи ғайриқонунии неруи барқ, талафоти аз меъёр зиёди он ва дигар камбудиҳои ҷойдошта дар ин самт баррасӣ гардида, талаб карда шуд, ки нерую имконоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар мақомоти ваколатдор ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат равона гардад.
Зеро яке аз омилҳои асосии рушди соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии мамлакат, инчунин фароҳам овардани зиндагии шоиста ба мардум ин бо неруи барқи доимӣ таъмин намудани аҳолӣ ба шумор меравад.
Дар робита ба ин, аъзои шуро ва дигар шахсони масъул таъкид карда шуданд, ки моҳияту муқаррароти қонунгузории навро вобаста ба вазнинии ҷавобгарии ҷиноятӣ барои ғайриқонунӣ истифода намудани нерӯи барқ ба таври васеъ ба самъи аҳолӣ расонанд.
Зимнан дар ҷаласаи шурои ҳамоҳангсозӣ бо иштироки роҳбарони Вазорату Кумитаҳо, намояндагони мақомоти ҳокимияти маҳаллии давлатӣ ва дигар сохтору идораҳои марбута вазъи ҷинояткории ноболиғон ва содиршавии ҷиноятҳо нисбати ноболиғон дар давраи солҳои 2023-2024 ва семоҳаи якуми соли 2025 дар ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Шурои ҳамоҳангсозӣ қайд намуд, ки баъзе ҷавонону наврасон ба ҷойи машғул шудан ба омӯзиши илму дониш, роҳи дурусти камолотро интихоб накарда, даст ба ҷинояткорӣ мезананд, ки оқибати он танҳо пушаймонӣ мебошад.
Дар ин ҷода диққати масъулини соҳаи маориф ва аҳли нишаст дар хусуси ба талабот ҷавобгӯ набудани раванди таълим ва рафтору кирдори хонандагони баъзе муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои кишвар ҷалб карда шуд.
Ҳамчунин дар ҷаласа роҳҳои пешгирии ба таълимоти ғайриқонунии динии ҷалб кардани ноболиғон, ки яке аз омилҳои шомилшавии наврасону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ мебошад, матраҳ карда шуд.
Шурои ҳамоҳангсозӣ вазифаҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти дигари ваколатдори давлатиро вобаста ба пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонон муайян намуда, оид ба таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати бедор намудани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллӣ, баланд бардоштани нақш ва мавқеи наврасону ҷавонон дар ҷомеа қарорҳои дахлдор қабул намуд.
Маркази матбуоти Прокуратураи
генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон