(+992-37) 227-94-20
(+992-37) 227-95-02
(+992-37) 227-94-13
(+992-37) 221-54-25
(+992-37) 221-08-49
(+992-37) 227-97-23
Санаи 26 августи соли 2026 дар бинои Раёсати Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар сарҳади давлатӣ ва нақлиёт вохӯрии муовини раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдурозиқзода Лутфулло Давлат бо кормандони раёсат баргузор гардид.
Дар мулоқот раванди иҷрои дастуру супоришҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати гузариш ба иқтисоди рақамӣ дар доираи «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия (2025–2030)» ва татбиқи ҳадафи стратегии мамлакат, яъне таъмини амнияти озуқаворӣ баррасӣ шуд.
Таъкид гардид, ки ҷорӣ намудани технологияҳои муосири рақамӣ дар зерсохторҳои сарҳадӣ ва нақлиётӣ ба баланд бардоштани сифату бехатарии маҳсулоти воридотиву содиротӣ ва беҳтар кардани шаффофияти кор мусоидат менамояд.
Дар фарҷом ба кормандон ҷиҳати фаъол намудани хизматрасониҳои электронӣ ва баланд бардоштани саводнокии рақамӣ тавсияҳои мушаххас дода шуданд.
Бахши робита бо ҷомеаи Кумитаи
бехатарии озуқавории назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон