Санаи 17 июли соли 2026 дар бинои Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини якуми раиси Кумита Ширинҷонзода Маҳмуд бо ҳайати Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба рушди соҳаи тухмипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳкими ҳамкориҳои мутақобила ва татбиқи барномаҳои муштаракро мавриди баррасӣ қарор доданд. Аз ҷумла, ба масъалаҳои баланд бардоштани сифати тухмӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир, такмили заминаи меъёриву ҳуқуқӣ ва таҳкими иқтидори ниҳодҳои дахлдор диққати махсус зоҳир карда шуд.
Қайд гардид, ки рушди соҳаи тухмипарварӣ яке аз омилҳои муҳими таъмини амнияти озуқаворӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ ва мутобиқшавии соҳа ба тағйирёбии иқлим ба ҳисоб меравад. Дар ин замина, ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳо ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак барои рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар кишвар иброз намуданд.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи ҳамкориҳои судманд ва тақвияти робитаҳо дар самти рушди соҳаи тухмипарварӣ таъкид намуданд.
(+992-37) 227-94-20
(+992-37) 227-95-02
(+992-37) 227-94-13
(+992-37) 221-54-25
(+992-37) 221-08-49
(+992-37) 227-97-23