(+992-37) 227-94-20
(+992-37) 227-95-02
(+992-37) 227-94-13
(+992-37) 221-54-25
(+992-37) 221-08-49
(+992-37) 227-97-23
Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба қаҳрамонони миллат ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи меҳанпарастӣ чорабинии бошукӯҳ баргузор гардид, Маҳмудов Давлатшо устоди факултаи таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Раиси Кумита муҳтарам Файзуллозода Муҳаммадсаид Убайдулло, дар баромадашон иброз намуданд, ки қаҳрамонони ватандӯст бо шуҷоату матонати худ барои ҳифзи Ватан, таъмини сулҳу субот ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ саҳми арзанда гузоштаанд. Инчунин, баён доштанд, ки кору пайкори чунин шахсиятҳо барои ҷавонон намунаи ибрат буда, эҳтиром ба онҳо қарзи виҷдонии ҳар як шаҳрванд мебошад.
Дар анҷоми чорабинӣ таъкид карда шуд, ки ҳифзи Ватан ва пос доштани муқаддасоти миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ҷомеа мебошад.