Рӯзи Ғалаба яке аз санаҳои муҳими таърихист, ки ҳар сол 9 май бо эҳтиром ва ифтихор таҷлил карда мешавад. Ин рӯз ба анҷоми Ҷанги Бузурги Ватанӣ бахшида шудааст — ҷанге, ки дар он миллионҳо инсон ҷони худро барои ҳифзи Ватан, озодӣ ва ояндаи наслҳои баъдӣ нисор кардаанд. 9 май тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», ҳамчун Рӯзи Ғалабaи халқҳо дар Ҷанги Бузурги Ватани (1941—1945) эълон гардида дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иди расмии давлатӣ табдил ёфтаст ва ҳар сол ҷашн гирифта мешавад.
Ба муносибати Рӯзи Пирӯзӣ дар шаҳру вилояту ноҳияҳои Тоҷикистон якчанд кӯча, майдон ва боғи Ғалаба дар Душанбе номгузорӣ шудааст. Дар остонаи ҷашн ҳафтаи «Поси хотир» (аз Тоҷикистон 90 ҳазор ҷанговар дар амалиётҳои ҷангӣ ҷон бохтаанд) дидорҳо бо куҳансарбозони ҷанг баргузор мешуданд, ки барои тарбияи насли наврас нигаронида шуда буданд.
9 май рӯзи ғалаба бар фашизм, ғалаба бар зулмот аст, ки аз он 290 ҳазор аҳолии Тоҷикистон ба ҷанг рафта 92 ҳазорашон дар ҳамон ҷо ба хок супорида шудаанд. Дар ҷанг, ки 1418 шабонрӯз давом кард, 40 давлати ҷаҳон иштирок намуд. Ҷанги бузурги ватанӣ аз 22 июни соли 1941 то 9 майи соли 1945 давом кард, ки 55 миллион нафар одам нобуд шудааст. Дар ҷанг 63 нафар қаҳрамони Иттифоқи Советӣ, 15 нафар бо 3 дараҷаи Ордени шараф, 58 ҳазор ҷанговарон бо ордену медалҳо мушарраф гардиданд.
Қаҳарамонони тоҷик аз ҷумла Туйчӣ Эрҷигитов, Саидқул Турдиев, Домулло Азизов, Сафар Амиршоев,Чутак Урозов, Исмоил Ҳамзаалиев, Ҳодӣ Кенҷаев, Исмат Шарифов, Амиралӣ Саидбеков барои озод намудани Литва, Украина ва Чехословакия ҷон супоридаанд. Хотираҳои неки шаҳидони роҳи озодӣ аз ёд нахоҳад рафт.
Ҷанги Бузурги Ватанӣ барои халқҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ имтиҳони сангин буд. Дар ин набард на танҳо сарбозон, балки занон, пиронсолон ва ҳатто кӯдакон низ саҳми худро гузоштанд. Онҳо дар фронт ва ақибгоҳ заҳмат кашида, барои ғалаба тамоми қувва ва иродаи худро сарф карданд. Фидокорӣ ва шуҷоати онҳо сабаби асосии пирӯзӣ гардид.
Мо, ҳамчунин, бояд ҳамеша бо ифтихор хотирнишон созем, ки барои расидан ба ин пирӯзӣ дар баробари дигар миллатҳое, ки бар зидди истибдоди фашистӣ мубориза бурдаанд, мардону занони бонангу номуси Тоҷикистон низ саҳми муассиру сазовор гузоштаанд.
Бояд ёдовар шуд, ки ин ҷанги даҳшатнокро мо низ сиёҳтарин саҳифаи таърих ва фоҷиаи бузург барои миллати худ меҳисобем. Зеро аз якуним миллион нафар аҳолии Тоҷикистон дар он замон зиёда аз 300 ҳазор нафар ба майдони набард сафарбар шуданд, ки 50 фоизи аҳолии қобили меҳнати кишварро ташкил медод. Беш аз 100 ҳазор нафари онҳо дар муҳорибаҳо қурбон шуда, зиёда аз 40 ҳазор беному нишон гардиданд ва 60 ҳазор нафари дигар аз ҷанг бо маъюбият баргаштанд.
Ҳамаи ин ҷоннисориҳо, ки дар таърихи муосири мо абадан сабт гардидаанд, саҳми миллати тоҷикро дар ин ғалабаи бузург ва таъмини сулҳу амнияти ҷаҳонӣ таҷассум мекунанд.
Мо номи неку хизмати онҳоеро, ки аз ҷанг барнагаштанд, ҳаргиз фаромӯш намекунем ва эҳтироми онҳоеро, ки бо пирӯзӣ ба Ватан баргаштаанд, ҳамеша ба ҷой меоварем.
Барои ҷасорату қаҳрамонӣ дар Ҷанги дуюми ҷаҳон 58 ҳазор нафар афсарону сарбозони тоҷик ба ордену медалҳо ва 55 нафар барои мардонагӣ ва шуҷоат ба унвони баланди «Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ» мушарраф гардонида шуданд.
Беш аз 45 ҳазор нафар сокинони Тоҷикистон ба корхонаҳои саноатии минтақаҳои дигари Иттиҳоди Шӯравӣ фиристода шуда, қисми зиёдашон аз он ҷойҳо ба ҷанг сафарбар гардиданд.
Ҳамчунин, солҳои ҷанг зиёда аз 100 ҳазор нафар – асосан занону кӯдакон – аз минтақаҳои гуногуни ҷангзада ба Тоҷикистон кӯчонида шуданд ва ҷумҳурии мо барои онҳо хонаи дуюм гардид.
Аз ин бармеояд, ки Рӯзи Ғалаба на танҳо рӯзи ҷашн, балки рӯзи ёдбуд низ мебошад. Мо дар ин рӯз ба гузашта назар карда, арзиши сулҳро дарк мекунем. Ин сана моро водор месозад, ки ваҳдат, дӯстӣ ва оромиро ҳифз намоем, то чунин фоҷиаҳо дигар такрор нашаванд.
Ҳамин тавр, Рӯзи Ғалаба рамзи шуҷоат, матонат ва пирӯзии ҳақ бар ботил аст. Арҷгузорӣ ба қаҳрамонон ва нигоҳ доштани хотираи таърихӣ вазифаи ҳар як насл мебошад. Бигзор сулҳ ва оромӣ ҳамеша дар сарзамини мо пойдор бошад.
Ба ҳамаи онҳое, ки барои сулҳ ва озодӣ ҷоннисорӣ карданд, арзи сипос менамоем. Хотираи онҳо ҷовидон бод!
Рауфзода Эраҷ Абдураҳим
Сардори Раёсати Кумитаи бехатарии
озуқаворӣ дар шаҳри Душанбе
ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ.
(+992-37) 227-94-20
(+992-37) 227-95-02
(+992-37) 227-94-13
(+992-37) 221-54-25
(+992-37) 221-08-49
(+992-37) 227-97-23