16 апрели соли 2026 дар Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии роҳбарият, кормандони дастгоҳи марказӣ ва зерсохторҳои Кумита бо намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии…
16 апрели соли 2026 дар Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии роҳбарият, кормандони дастгоҳи марказӣ ва зерсохторҳои Кумита бо намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёдгорзода Парвиз баргузор гардид. Муовини раиси Кумита Ширинҷонзода Маҳмуд Ширинҷон ҷаласаро ифтиттоҳ ва ҳозиринро ба рӯзномаи он шинос намуда, суханро ба намояндаи Агентӣ Ёдгорзода доданд. Мавсуф оиди бартараф намудани сабабу шароитҳое, ки боиси самаранок иҷро нагардидани ҳуҷҷати банақшагирии стратегӣ дар самти муқовимат ба корррупсия гардидаанд, суханронӣ намуд.
Баъдан сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва кадр Раҳмонализода Баҳодур ба сухан баромада, зимни баромад иброз доштанд, ки дар асоси фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 марти соли 2026, №1145 «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар марҳилаи дуюм (солҳои 2026-2030)» фармоиши раиси Кумита аз 30 марти соли 2026, №1/4.1-7-26 «Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳои Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2026 оид ба иҷрои Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар марҳилаи дуюм (солҳои 2026-2030) дар соли 2026» ба имзо расида, барои таъмини иҷро ба воҳидҳои сохтори дастгоҳи марказӣ ва зерсохторҳо ирсол карда шудааст.
Дар фарҷоми ҷаласа, зимни муҳокима ва пешниҳодҳо кормандони Кумита аз суханронии намояндаи Агентӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ба ин васила волоияти муқаррароти Стратегияи мазкурро таъмин намуда, дар мубориза ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши боризи худро мегузоранд.