9 ноябри 2026Вохӯрии Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо бо намояндагони Бонки Исломии Рушд
Санаи 9 ноябри соли 2026 вохӯрии Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Қудратзод Суҳроб Ҳадя бо намояндагони Бонки Исломии Рушд (БИР) баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ қайд гардид, ки таҳти роҳбарии сиёсати дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд дар солҳои охир ба сатҳи сифатан нав расиданд.