Дар доираи иқдомҳои созандаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш дар маркази ноҳия - шаҳраки Ваҳдат ҳашари дастаҷамъӣ бо иштироки ҳамаи кормандони ташкилоту муассисаҳо баргузор гардид.
Чунин иқдомҳои созанда, ки ба ободонӣ ва тозагии муҳити зист равона гардидаанд, аз муҳимтарин тадбирҳо ба ҳисоб рафта, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати экологӣ ва зебоии маҳал мусоидат менамоянд.
Тибқи иттилои масъулин, тадбирҳои тозагӣ ва ободонӣ ба истиқболи бошукӯҳи ҷашни байналмилалии Наврӯз, ки санаи 11 апрел дар маркази ноҳия - шаҳраки Ваҳдат баргузор мегардад, роҳандозӣ гардида истодааст.
Дар доираи ин ҳашар роҳу кӯчаҳо тоза карда шуда, муҳити атроф ба тартиб дароварда шуд.
Ҳамчунин, идомаи тозагӣ ва ободонӣ дар тамоми ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия идома дошта, минбаъд низ бо суръати баланд ва бо иштироки сокинони заҳматкаши ноҳия идома хоҳад ёфт.