Имрӯз дар деҳаи навбунёди Чорсуи Ҷамоати деҳоти Лахши ноҳияи Лахш ҷашни бошукӯҳи Наврӯзи байналмилалӣ бо иштироки намояндаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия Токтосун Роопов, сокинони ҷамоат, фаъолон ва меҳмонон дар фазои идона баргузор гардид.
Дар рафти чорабинӣ сокинон ва хонандагони муассисаҳои таълимии ҷамоат маҳсули ҳунару малакаҳои миллии худро ба намоиш гузоштанд. Дар гӯшаҳои ҷашнгоҳ намудҳои гуногуни ҳунарҳои мардумӣ ва пухту пази таомҳои миллӣ, аз ҷумла оши бурида ва оши палов, ба маърази тамошо гузошта шуданд.
Намояндаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш Токтосун Роопов зимни суханронӣ сокинони ҷамоатро аз номи раиси ноҳияи Лахш муҳтарам Холзода Каромиддин Камолиддин ба муносибати ҷашни Наврӯз табрику таҳният гуфт.
Ҳамзамон, намоиши театрикунонидашуда бо иштироки ҳунармандони маҳаллӣ ва хонандагони боистеъдод баргузор гардида, хотири иштирокчиёнро болида гардонид.
Сипас, миёни наврасону ҷавонон бозиҳои гуногуни варзишӣ доир гардида, иштирокчиён маҳорати баланд ва омодагии ҷиддии худро нишон доданд.
Қобили зикр аст, ки баргузории чорабиниҳои наврӯзӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш роҳандозӣ гардида, бо шукӯҳу шаҳомати хоса идома доранд.