27 марти соли 2026 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5 деҳаи Сафедорак, Ҷамоати деҳоти Нурафшон, ҷашни бошукӯҳи Наврӯзи байналмилалӣ бо иштироки муовини раиси ноҳияи Лахш Абдулазиззода Насиба Ҳоким, мудири шуъбаи маорифи ноҳия, фаъолону собиқадорон, омӯзгорону хонандагон ва сокинони ҷамоат баргузор гардид.
Чорабинӣ дар фазои идона ва бо риояи ойинҳои миллӣ ҷараён гирифта, иштирокчиён намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллиро ба маъраз гузоштанд. Аз ҷумла, пухтани оши бурида ҳамчун яке аз суннатҳои деринаи наврӯзӣ бо иштироки меҳмонон доир гардида, муовини раиси ноҳия зимни он орзуи сулҳу амонӣ, суботи комил ва шукуфоии Ватани азизамонро баён намуд.
Дар гӯшаҳои махсуси ҷашнгоҳ либосҳои миллӣ — атласу адрас, чакан, тоқӣ ва дигар намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ ба намоиш гузошта шуданд, ки мавриди таваҷҷуҳи иштирокчиён қарор гирифтанд.
Муовини раиси ноҳия Абдулазиззода Насиба Ҳоким зимни суханронӣ ҳозиринро аз номи раиси ноҳияи Лахш, муҳтарам Холзода Каромиддин Камолиддин, ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ табрик намуда, ба ҳар як сокини диёр саломатӣ, рӯзгори обод ва комёбиҳои нав орзу намуд.
Дар идома барномаи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандон ва хонандагони болаёқат пешниҳоди ҳозирин гардида, суруду рақсҳои дилнишин ба чорабинӣ ҳусни тоза бахшиданд.
Ҳамчунин, дар фарҷоми чорабинӣ мусобиқаҳои варзишии гуногун баргузор гардида, ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.