Дар доираи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар деҳаи Чорсӯи Ҷамоати деҳоти Лахш тантанаҳои наврӯзӣ бо риояи ойину суннатҳои миллӣ ва бо шукӯҳу шаҳомати хосса баргузор гардид.
Чорабиниҳои идона бо иштироки раиси ноҳия муҳтарам Холзода Каромиддин дар сатҳи баланди фарҳангию оммавӣ баргузор гардид.
Ин иқдоми рамзӣ фазои идонаро дар ноҳия боз ҳам шукуҳманд гардонида, ба дилҳои мардум рӯҳу илҳоми тоза бахшид. Сокинон бо чеҳраҳои кушоду руҳияи болида омад-омади фасли баҳор ва ҷашни байналмилалии Наврӯзро истиқбол гирифтанд.
Тантанаҳои наврӯзӣ дар ноҳияи Лахш идома дошта, дар доираи онҳо баргузории барномаҳои фарҳангӣ, намоиши анъанаҳои миллӣ, мусобиқаҳои варзишӣ ва дигар чорабиниҳои идона ба нақша гирифта шудаанд.