Дар ҷаласа рафти татбиқи ислоҳоти рақамӣ, сифати хизматрасониҳои давлатӣ, ҳамгироии низомҳои иттилоотӣ, содагардонии расмиёти маъмурӣ ва вазифаҳои минбаъдаи вазорату идораҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар рафти ҷаласаи Комиссияи давлатии татбиқи ислоҳоти рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи такмили танзими фаъолияти таксиҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Бо мақсади коҳиш додани хароҷоти ронандагон ва бартараф намудани маҳдудиятҳои маъмурӣ қарор қабул гардид, ки пардохти 100 сомонӣ ва низоми квотабандӣ барои фаъолияти мусофиркашонӣ тавассути таксиҳо бекор карда шаванд.
Ба мақомоти масъул супориш дода шуд, ки заминаҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии татбиқи механизми навро омода намуда, тартиби гирифтани иҷозатномаро тавассути Портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ аз 1 январи соли 2027 мавриди амал қарор диҳанд. То ин муҳлат корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни ронандагон, аз ҷумла шахсони худшуғл, оид ба тартиби нави муроҷиат ва гирифтани иҷозатнома ба роҳ монда шаванд.
Ҳамчунин, пешбинӣ гардид, ки тартиби содашудаи мазкур ба шаҳрвандоне низ татбиқ мешавад, ки фаъолияти мусофиркашониро тавассути воситаҳои нақлиёт ба таври худшуғл анҷом медиҳанд. Ҳамин тариқ, шахсони худшуғл метавонанд бо тартиби ягонаи электронӣ барои гирифтани иҷозатнома муроҷиат намуда, фаъолияти худро дар доираи талаботи қонунгузорӣ ба роҳ монанд.
Татбиқи қарорҳои мазкур ба ташаккули низоми шаффофу дастраси танзими фаъолияти мусофиркашонӣ тавассути таксиҳо, коҳиши расмиёти зиёдатӣ, қонунигардонии фаъолияти худшуғл ва беҳтар гардидани сифати хизматрасонӣ ба шаҳрвандон равона карда шудааст.