Дар ҳамоиш роҳбарият ва кормандони Агентӣ, намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон, IT Park Dushanbe, ширкатҳои технологӣ, ҷавонони навовар, донишҷӯён ва хонандагони литсейҳо иштирок намуданд.
Зимни суханрониҳо саҳми ҷавонон дар рушди илм, инноватсия ва технологияҳои рақамӣ таъкид гардида, дастгирии ташаббусҳои созанда ва татбиқи ғояву лоиҳаҳои онҳо аз омилҳои муҳими пешрафти кишвар арзёбӣ шуд.
Дар доираи чорабинӣ намоишгоҳи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва маҳсулоти рақамии резидентони IT Park Dushanbe баргузор гардид. Ҳамзамон, чор стартапи ватанӣ — ҶДММ «Офарандагон», ҶДММ «Сомониён», «CLOTH TJ» ва ҶДММ «Системаҳои рақамӣ» — маҳсулот ва роҳҳалҳои худро муаррифӣ намуданд.
Дар анҷом 10 нафар ҷавонони фаъол барои дастовардҳо дар олимпиадаю озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва саҳм дар татбиқи лоиҳаҳои рақамӣ бо ифтихорномаҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш қадрдонӣ шуданд.