Мирзо Хуршед Файзуллозода
Директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муовини якуми Директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муовини Директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муовини Директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Раёсати банқшагирӣ ва котибот дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Дастури методӣ оид ба таҳияи низомномаҳои дастгоҳи марказӣ, воҳидҳои сохтории он ва воҳидҳои тобеи мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ», Низомномаи Агентии инноватсияи ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 марти соли 2024, №798) ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, вазъи ҳуқуқӣ, ташкилӣ, сохтор, функсия, вазифа, тартиби фаъолияти онро муайян намуда, масъалаҳои умумиро вобаста ба фаъолият ба танзим медарорад.
Раёсати ҳуқуқи Агентии инноватсия ва технологияи рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Дар бораи низоми мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» Низомномаи Агентии инноватсия ва технологияи рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, вазъи ҳуқуқӣ, сохтор ва тартиби ташкил, ҳуқуқ ва вазифаҳои асосии Раёсати ҳуқуқи Агентии инноватсия ва технологияи рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, масъалаҳои ҳуқуқиро вобаста ба фаъолияти Раёсат ба танзим медарорад.
Раёсати амнияти иттилоотӣ ва коркарди маҳзани маълумот Агентии инноватсия ва технологияи рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ташкили ошкорсозии таҳдидҳои амнияти иттилоотӣ ва осебпазирии системаҳои иттилоотӣ, воситаҳои барномавӣ, таҷҳизотҳои иттилоотии-коммуникатсионӣ, ташкили корҳо барои таъмини махфияти иттилоот, ки дастрасӣ ба он тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд шудааст муайян намуда, масъалаҳои таъмини амнияти иттилоотиро вобаста ба фаъолияти Раёсат ва дигар сохторҳои Агентии инноватсия ва технологияи рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба танзим медарорад.
Раёсати ҳукумати электронӣ Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтори ташкилӣ, самтҳои асосии фаъолият, ваколат, вазифа, ҳуқуқ ва масъулияти раёсати танзими ҳукумати электронии Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Чумҳурии Тоҷикистонро муайян ва ба танзим медарорад.
Раёсати зеҳни сунъӣ воҳиди сохтории Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Фаъолияти Раёсат ба таҳия ва амалисозии сиёсати давлатӣ, дар соҳаи зеҳни сунъӣ, ҳамоҳангсозии татбиқи технологияҳои зеҳни сунъӣ дар иқтисодиёт ва идоракунии давлатӣ, инчунин таъмини амалисозии Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 равона шудааст. Дар сохтори Агентӣ таъсиси воҳиди сохтории махсус идомаи ташаккули низоми институтсионалии идоракунии давлатӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ мебошад. Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ дар ин соҳа муайян гардида, дар сохтори дастгоҳи марказии он Раёсати зеҳни сунъӣ таъсис дода шудааст.
Раёсати илм ва малакаҳои рақамӣ воҳиди сохтории Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Фаъолияти Раёсат ба мусоидат дар ташаккул ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи илм, технология ва инноватсия, рушди таҳқиқоти илмӣ ва баланд бардоштани сатҳи малакаҳои рақамии аҳолӣ ва мутахассисон равона шудааст. Самтҳои асосии фаъолияти Раёсат дастгирӣ ва ҳамоҳангсозии лоиҳаҳои илмӣ, технологӣ ва инноватсионӣ, мусоидат ба ташкили барномаҳои омӯзиши рақамӣ, ҷалби ҷавонон ба фаъолияти илмӣ ва технологӣ, ҳамгироии илм бо истеҳсолот ва рушди сармояи инсонӣ мебошанд.