Дар чорабинӣ директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Мирзо, муовини якуми Ҳизби Халқии Декмократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода, кормандони дастгоҳи марказӣ ва ташкилотҳои низоми Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ иштирок намудаанд.
Вобаста ба аҳаммияти таърихию сиёсии ин санаи муҳим ва нақши он дар таҳкими давлатдории миллӣ, рушди ҷомеа ва пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол роҳбарияти Агентӣ суханронӣ намуданд.
Зимни чорабинӣ таъкид гардид, ки Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз санаҳои муҳими тақвими сиёсиву фарҳангии мамлакат ба шумор рафта, рамзи эҳтиром ба ниҳодҳои давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, суботи сиёсӣ ва ҳифзи арзишҳои истиқлолияти давлатӣ мебошад.
Чорабинӣ дар фазои тантанавӣ ва бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ҷамъбаст гардида, кормандони фаъол бо сипосномаҳо қадрдонӣ гардиданд.