19 сентябри соли 2024 дар доираи ҷаласаи 4-уми шӯрои Байнидавлатӣ оид ба муқовимат ба коррупсия мулоқоти расмии прокурори Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзода бо прокурори Генералии Федератсияи Россия Краснов Игор Викторович баргузор гардид. Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои муқовимат ба ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, терроризми байналмилалӣ, истирдоди ҷинояткорон, расонидани кумаки ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ, аз ҷумла табодули иттилооти оперативӣ-тафтишотӣ, ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ ва дигар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар Федератсияи Россияро баррасӣ намуданд. Қайд карда шуд, ки пешгирии радикализатсия, экстремизм ва терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар намудҳои ҷинояткории фаромиллӣ танҳо дар натиҷаи талошҳои муштараки дуҷониба натиҷаҳои дилхоҳ медиҳад. Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориро дар масъалаҳои дар боло зикршуда густариш диҳанд ва барои ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандони муҳоҷири меҳнатӣ талош кунанд. Бо мақсади татбиқи созишномаҳои бадастомада Ва дар доираи Созишномаи ҳамкорӣ байни прокуратураи Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ва прокуратураи Генералии Федератсияи Россия Барномаи нави ҳамкорӣ Байни прокуратураи Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ва прокуратураи Генералии Федератсияи Россия барои солҳои 2025-2026 ба имзо расид.