26 майи 2026
23 апрели соли 2026 машварати кории Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники адлия Воҳидзода Ҳабибулло Сайдулло бо кормандони прокуратураҳои вилояти Суғд, ҳарбии гарнизони Суғд ва нақлиёти Суғд баргузор гардид.
Дар ҷаласа масъалаҳои муҳими таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, пешгирӣ ва коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ, бахусус ҷинояткории ноболиғон, мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор, риояи қонунгузории замин,танзими ҷашну маросим, масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак, тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, пурзӯр намудани назорати прокурорӣ дар сарҳад ва нуқтаҳои гумрукӣ ҷиҳати ошкор ва пешгирии қочоқи маводи мухаддир ва молу маҳсулот мавриди баррасии ҷиддӣ қарор гирифтанд.
Зимни машварат таъкид гардид, ки кормандони мақомоти прокуратура бояд фаъолияти худро дар заминаи иҷрои босифат ва саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда, ҷиҳати татбиқи амалии онҳо, хусусан дар самти таъмини волоияти қонун, таҳкими тартиботи ҳуқуқӣ, пешгирии ҷинояткорӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ чораҳои муассир андешанд.
Ҳамзамон, аз ҷониби Прокурори генералӣ ба кормандони мақомот дастур дода шуд, ки ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободониву созандагиро дуруст ба роҳ монда, дар бунёдкориҳо дар маҳал ва таъмини тозагии ҷойҳои корӣ саҳмгузор бошанд.
Дар фарҷоми машварат вазифаҳои мушаххас муайян гардида, аз кормандон талаб карда шуд, ки риояи қатъии интизоми меҳнат, иҷрои саривақтии дастуру супоришҳо ва баланд бардоштани масъулияти шахсӣ ҳамчун самти афзалиятноки фаъолияти худ қарор дода, ҷиҳати таъмини иҷрои бемайлони талаботи қонунгузорӣ, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти хизматӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлату ҷомеа чораҳои иловагӣ роҳандозӣ намоянд. Ҳамчунин, фаъолияти худро ба самти тақвияти тартиботи ҳуқуқӣ, таъмини суботу оромӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ равона созанд.