Имрӯз, 15 майи соли 2026 дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Раиси шурои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон-Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники адлия Воҳидзода Ҳабибулло Сайдулло ҷаласаи шурои ҳамоҳангсозӣвобаста ба назорати риоя ва иҷрои талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ» ва «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ» баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон – раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло ва роҳбарони мақомоти назоратию санҷишӣ ширкат варзиданд.
Зимни суханрониҳо қайд карда шуд, ки яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии Ҳукумати ҷумҳурӣ ба дастгирии ҳамаҷонибаи ташаббусҳои соҳибкорону сармоягузорон равона гардида, фаъолияти онҳо ҳамчун омили рушди устувори иқтисоди миллӣ эътироф гардидааст.
Дар баробари риояи талаботи қонунгузории номбурда, дар фаъолияти мақомоти назоратию санҷишӣ ҳолатҳои дахолат ба фаъолияти соҳибкорон, гузаронидани санҷишҳои беасос ва дигар камбудиву қонунвайронкуниҳо низ ҷой доранд.
Бинобар ин, мақомоти прокуратура дар солҳои 2024-2025 дар самти назорати риоя ва иҷрои талаботи қонунгузорӣ оид ба мораторий, ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ 1842 ҳолати қонунвайронкуниро ошкор ва баҳри бартараф намудани он 424 амр ва 385 пешниҳоди бароварда, ба 518 санади ғайриқонунӣ эътироз оварда, 506 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ ва маъмурӣ кашида шуда, 64 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва 906 ҳазор сомонӣ зарари расонидашуда барқарор карда шудааст.
Татбиқи моратория ба кам шудани шумораи санҷишҳо, тадриҷан аз байни бурдани дахолат ба фаъолияти соҳибкорӣ, беҳтар шудани фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, рушди бахши хусусӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ таъсири мусбат расонида, ба беҳбудӣ ва ғанигардонии буҷети давлатӣ мусоидат намудааст.
Дар ин раванд, диққати мақомоти назоратию санҷишӣ ва мақомоти дахлдори давлатӣ ба таъмини риоя ва иҷрои ҳатмии қонунгузории мазкур ҷалб гардида, қайд карда шуд, ки дар идомаи татбиқи сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат барои фароҳам овардани фазои мусоид ба рушди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шавад.