12 сентябри соли 2025 дар бинои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии кории Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Воҳидзода Ҳабибулло Сайдулло бо Сафири фавқулодда ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон Мануэл Микаллер баргузор гардид.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунии ҳамкориҳои дуҷонибаро муҳокима намуда, омодагии худро барои рушди минбаъдаи он тасдиқ намуданд. Таваҷҷуҳи хоса ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи ҳуқуқӣ, инчунин мубодилаи таҷриба ва иттилоот оид ба мушкилот ва таҳдидҳои муосир дода шуд.
Ҷонибҳо аҳамияти талошҳои муштаракро дар мубориза бо терроризм, экстремизм ва ҷиноятҳои киберӣ қайд карда, зарурияти таҳкими ҳамкориҳои ҳуқуқӣ барои таъмини амният ва суботи минтақавиро муҳим арзёбӣ намуданд.
Дар маҷмӯъ вохӯрӣ дар фазои якдигарфаҳмӣ сурат гирифта, қадамҳои минбаъда ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои дуљониба муайян карда шуданд.