25 апрели соли 2025 Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Воҳидзода Ҳ.С. Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умут Аљарро дар доираи ташрифи эҳтиром ба ҳузур пазируфт.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо оид ба масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷониба табодули андеша намуданд. Сафири Туркия изҳори эҳтироми самимии худро ба Прокурори генералӣ баён намуда, омодагии хешро барои идомаи муколамаи созанда миёни ду кишвар тасдиқ кард.
Ҳамзамон дурнамоии ҳамкории минбаъдаи Тоҷикистон ва Туркия дар соҳаҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳи тарафайн низ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Таваҷҷуҳи хосса ба масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи амният ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ зоҳир гардид. Ҷонибҳо аҳамияти талошҳои муштаракро дар муқовимат бо чолишҳо ва таҳдидҳои муосири субот таъкид намуданд.
Прокурори генералӣ аҳамияти рушди робитаҳои дӯстона бо Ҷумҳурии Туркияро қайд намуда, изҳори итминон кард, ки ҳамкории минбаъдаи судманди ду кишвар дар соҳаи ҳуқуқ ва амният таҳким хоҳад ёфт.
Мулоқот дар фазои гарму дӯстона баргузор гардида, ҷонибҳо омодагии муштараки худро барои таҳкими муносибатҳои мутақобилан судманд миёни Тоҷикистон ва Туркия тасдиқ намуданд.