Юсуфзода Абдуҷаббор Ғайратшоҳ
Директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муовини директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муовини директори Агентии хоҷагии ҷангалӣ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шуъбаи бунёду барқароркунии ҷангал ва ниҳолхонаҳо сохтори дастгоҳи марказии Агентӣ буда вазифаи батанзим даровардани корҳои бунёду барқароркунии ҷангал дар заминҳои фонди давлатии ҷангал ва пешбурди корҳои ниҳолпарварӣ дар Корхонаҳои воҳиди давлатии хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ дар самти парвариши ниҳолҳо мебошад.
Шуъбаи шикор ва шикоргоҳҳо воҳиди сохтори дастгоҳи марказии Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, сиёсати давлатиро дар самти шикор ва хоҷагии шикор, ҳифзу афзунгардонии захираи ҳайвоноту парандагони шикорӣ ва истифодаи самаранокии онро амалӣ менамояд.
Шуъбаи молия, муҳосибот ва банақшагирии Агентӣ қисми таркибии Агентӣ буда, фаъолияти пешбурди ҳисобдории Агентиро ба танзим медарорад. Шуъба таҳти сарпарастии директори Агентӣ ва дар асоси Низомномаи Агентӣ ва дастурамалҳои мансабии кормандон фаъолияти худро роҳандозӣ менамояд.
Шуъбаи кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқӣ яке аз сохторҳои асосӣ ва калидии дастгоҳи марказии Агентӣ мебошад, ки он самтҳои бақайдгирӣ, назорат ва содироти ҳуҷҷатҳо, кор бо кадрҳо, хизматрасонии ҳуқуқӣ, такмили ихтисос ва қонунгузории ҷангалро дарбар мегирад. Аз ҷониби шуъбаи кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқӣ ҳар моҳ таҳлили рафти иҷрои Амру Фармонҳо ва супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мактубу дархостҳои вазорату идораҳо, Нақшаи кории Агентӣ барои нимсола, қарорҳои ҳайати мушовараи Агентӣ, протоколҳо ва дигар супоришҳои Директори Агентӣ гузаронида шуда, маълумотҳои хаттӣ ба директори Агентӣ пешниҳод мегарданд.
Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва иттилооти Агентӣ бо мақсади ҳамоҳанг сохтани ҳамкориҳои Агентӣ бо ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ, намояндагии кишварҳои хориҷӣ, Конвенсияҳои СММ дар соҳаи хоҷагии ҷангал ва ҳифзи хоҷагии ҷангал фаъолияти густурдаро ба роҳ мондааст.
Шуъбаи кадастр ва мониторинги давлатии ҷангал сохтори дастгоҳи марказии Агентӣ буда бо мақсади дастрас намудани маълумоти асоснок оид ба ҷойгиршавии заминҳои фонди ягонаи ҷангал, ҳифз ва истифодабарӣ, инчунин ба низом даровардани муносибатҳои ҷангалдорӣ мебошад. Мониторинги давлатии ҷангал аз мушоҳида ва мулоҳизаи хоҷагии ҷангал, баҳодиҳӣ ва таҳияи тавсияҳо оид ба пешгирию бартараф кардани оқибатҳои манфӣ дар ҳифзу ҳимоя ва барқароркунии ҷангал иборат мебошад.