Маълумоти умумӣШуъбаи кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқӣ яке аз сохторҳои асосӣ ва калидии дастгоҳи марказии Агентӣ мебошад, ки он самтҳои бақайдгирӣ, назорат ва содироти ҳуҷҷатҳо, кор бо кадрҳо, хизматрасонии ҳуқуқӣ, такмили ихтисос ва қонунгузории ҷангалро дарбар мегирад. Аз ҷониби шуъбаи кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқӣ ҳар моҳ таҳлили рафти иҷрои Амру Фармонҳо ва супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мактубу дархостҳои вазорату идораҳо, Нақшаи кории Агентӣ барои нимсола, қарорҳои ҳайати мушовараи Агентӣ, протоколҳо ва дигар супоришҳои Директори Агентӣ гузаронида шуда, маълумотҳои хаттӣ ба директори Агентӣ пешниҳод мегарданд.