Дар бинои МИХД- и нохияи Файзобод бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ гузаронида шуд.Дар ин ҳамоиш муовинони раиси ноҳия ва намояндаи КДАМ дар ноҳия иштирок ва суханрони намуданд. Инчунин дар ҳамоиш ходимони дин, намояндагони бахшҳои кор бо занон ва оила, дин, ХХДТ дар ноҳия ва чамоатхои шаҳраку деҳот иштирок намуданд.
Тавре намояндаи КДАМ дар нохия иброз дошт, ки шахсияти Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи миллати тоҷик на танҳо ҳамчун сарвари сиёсӣ ва ё Президент, балки пеш аз ҳама, ҳамчун сулҳофар ва эҳёгари арзишҳои давлатдории миллӣ сабт гардидааст.«Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Сарвари давлат, пеш аз ҳама, аркони давлатдории миллиро устувор намуда, заминаи меъёриву ҳуқуқии давлати навини Тоҷикистонро поя гузоштанд. Саҳми Пешвои миллат дар эҳёи давлати миллии тоҷикон ва эътирофи байналмилалии он бағоят бузург буда, обрӯву эътибори имрӯзаашон дар миқёси ҷаҳонӣ зиёд аст»,-афзуд муовини раиси нохия.
Дар ҳамоиш иброз гардид, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ бо талошҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳо ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Дастовардҳои бунёдии замони истиқлоли давлатӣ собит месозанд, ки ҳаёт ва фаъолияти Пешвои миллат ба таърихи Тоҷикистони навин ва мардуми навини он пайвандии ногусастанӣ дорад. «Роҳи тайнамудаи Тоҷикистон соҳибистиқлол бо сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи барҷастаи истеъдоди роҳбарӣ ва ифтихормандии мардуми тоҷик буда, Рӯзи Президент нишони эҳтироми самимонаи тамоми сокинони мамлакат ба хизматҳои бесобиқа ва шоҳкориҳои беназири Пешвои миллат мебошад», -таъкид гардид дар ҳамоиш. Дар ҷараёни ҳамоиш филми мустанад ба таври фарогири масъалаҳои марбут ба ин рӯзи писандидаи мардум баррасӣ гардида, суханҳои ходимони намоёни давлатӣ ва олимони шинохтаи мамлакат дар бораи хизматҳои арзандаи Сарвари давлат барои халқу миллат дар ин филм арзёби гардида, намоиш дода шуд.