10 ноябри соли 2026 бо иштироки фосилавии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои нави дидбонгоҳи тобеи қисми 62-юми ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати деҳаи Мискинободи ноҳияи Файзобод ба истифода дода шуд.Иншооти мазкур бо мақсади таҳкими заминаи моддию техникии хадамоти оташнишонӣ, баланд бардоштани сатҳи омодагии ҳайати шахсӣ ва таъмини ҳифзи ҳаёту саломатии аҳолӣ аз ҳодисаҳои сӯхтор мавриди истифода қарор дода шуд.