Бахшида ба Рӯзи кормандони милитсия санаи 09.11.2026 бо иштироки раиси ноҳия Каримзода Мансур Тағой, роҳбарони ҳифзи ҳуқуқ роҳбарони ташкилоту муассисаҳо дар фазои идона бинои дидбонгоҳи тобеи қисми 62 юми ҳарбонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонии оид ба муҳофизати деҳаи Мискинобод Ҷамоати шаҳраки "30 солагии Истиқлол" бо ташабуси МИҲД-и ноҳияи Файзобод бо сифати баланд сохта ба истифода шуд.
Дидбонгоҳ бо тамоми шароитҳо барои пешгири ва ҳодисаҳо аз сӯхтор омода шуда бо мақсади баланд бардоштани ҳайати шахсӣ таъмини саривақтаи вокуниш ба ҳодисаҳои сухторо ва дигар ҳолатҳои фавқулода, инчунин ҳифзи саломатии шаҳрвандон ва молу мулки онҳо таъсис дода шуд. Он дорои 4 ҳуҷраи корӣ ва таълимӣ барои 20 нафар хобгоҳ, ошхона мошинсарой барои ҷойгир намудани 2 нақлиёти оташнишонӣ ва дигар шароити хизматӣ мебошад.
Дидбонгоҳи мазкур имконият медиҳад, ки ҳодисаҳои сӯхтор дар ноҳия пешгирӣ карда шавад. Ҳамчунин аз номи Сарвари давлат ба кормандони ин сохтор воситаи нақлиёти хизматӣ тақдим карда шуд. Барои зебо гардонидани ин бино гулҳои ороишӣ ва дарахтони ҳамешасабз шинонида шуда, роҳи ҳамшафати дидбонгоҳ мунфарш гардонида шудааст. Ин бино метавонад солҳои тӯлонӣ ба мардуми шарафманди ноҳия хизмат хоҳад кард. Дар фарҷом аз тарафи раиси ноҳия ба якчанд кормандони дидбонгоҳ ва шахсони фаъол сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.
Ҳамчунин раиси ноҳия Каримзода Мансур Тағой ба Сарвари давлат ҷиҳати дастгирию ғамхори аз номи сокинони ноҳия изҳори сипос намуда, ба кормандони ин ниҳод дастур дода шуд, ки шабонарӯзи фаъолияти кории хешро ба роҳ монда ноҳияи азизи хешро аз ҳолатҳои фавқулода эмин нигоҳ доранд.