Ҳамдиёрони азиз!
Бо камоли эҳтиром ва самимияти хос Шуморо ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола 6 ноябр таҷлил мегардад, самимона табрик ва муборакбод менамоям.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 ноябри соли 1994 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидааст, ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ заминаи устувори давлатдории миллӣ, кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини волоияти қонун, суботи сиёсӣ ва рушди ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд мебошад. Қабули ин санади тақдирсоз дар таърихи давлатдории навини тоҷикон марҳилаи муҳим ба шумор рафта, барои таҳкими истиқлоли давлатӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа заминаи мусоид фароҳам овард. Имрӯз ҳар яки мо вазифадорем, ки бо эҳтиром ба арзишҳои конститутсионӣ, риояи қонунҳо, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва саҳмгузорӣ дар ободонии Ватани азизамон дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ саҳми арзандаи худро гузорем. Боварии комил дорам, ки сокинони сарбаланди ноҳияи Файзобод минбаъд низ бо меҳнати содиқона, ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ дар роҳи созандагию бунёдкорӣ, ҳифзи сулҳу субот ва пешрафти диёри маҳбубамон саъю талош хоҳанд кард. Дар ин рӯзи фархунда ба ҳар як хонадони кишвар бахту саодат, файзу баракат, саломатӣ, рӯзгори ободу осуда ва ба Тоҷикистони азизамон сулҳу суботи пойдор, ваҳдати миллӣ ва пешрафту шукуфоии ҷовидона орзу менамоям.