Обрӯи Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалии авиатсияи гражданӣ меафзояд
Боиси хушнудист, ки сол аз сол бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон авиатсияи граждании кишвар дар сатҳи байналмилалии авиатсияи гражданӣ мақому эътибор пайдо намудааст. Дар иртибот ба ин, аз 1 январи соли 2026 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иҷрои вазифаҳои раиси Шӯро оид ба авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шурӯъ намуд. Боиси зикр аст, ки салоҳиятҳои раисии Шӯро аз Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаштанд. Муҳлати раёсати авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шӯро оид ба авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ се солро ташкил медиҳад.
Дар Шӯро оид ба авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоӣ тавзеҳ доданд, ки тибқи тартиби муқарраргардида аз 1 январи соли 2026 фаъолияти Шӯро таҳти раёсати намояндаи ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон — директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода амалӣ мегардад. Раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шӯро оид ба авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ масъулияти мутахассисони соҳаи авиатсияи граждании кишварро боз ҳам бештар менамояд. Итминон ҳаст, ки раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди авиатсияи гражданӣ дар ҳамаи кишварҳои Иттиҳод такони иловагӣ бахшида, нуфуз ва обрӯи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам таҳким мебахшад.