ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШӮРО ОИД БА АВИАТСИЯ ВА ИСТИФОДАИ ФАЗОИ ҲАВОӢ
25 сентябри соли 2026 ҷаласаи ғайринавбатии Шӯро оид ба авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоӣ дар шакли видеоконфронс баргузор гардид. Дар кори ҷаласа Раиси Шӯро, Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода, намояндагони мақомоти авиатсияи гражданӣ ва намояндагони ваколатдори Ҷумҳурии Арманистон, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, инчунин роҳбарияти Кумитаи байнидавлатии авиатсионӣ (КБА) иштирок намуданд.
Мақсад аз баргузории ҷаласа баррасии масъалаҳои марбут ба омодагӣ ба 35-солагии Созишнома оид ба авиатсияи гражданӣ ва истифодаи фазои ҳавоӣ ва таъсиси КБА буд.
Дар ҷараёни ҷаласа инчунин масъалаҳои рушди муносибатҳои байнидавлатӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ, ташкили алоқаи ҳавоӣ байни давлатҳои иштирокчии КБА, инчунин таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.