ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ КОМИССИЯИ БАЙНИИДОРАВӢ ОИД БА ТАЪМИНИ БЕХАТАРИИ АВИАТСИОНӢ
Санаи 18 сентябри соли 2026 дар толори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Усмонзода Усмоналӣ ҷаласаи Комиссияи байниидоравӣ оид ба таъмини бехатарии авиатсионии авиатсияи гражданӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Мақсад аз баргузории ҷаласаи мазкур ин ҳамоҳанг намудани фаъолияти вазорату идораҳо дар таъмини бехатарии авиатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бо мақсади пешгирӣ, ошкорсозӣ ва безараргардонии таҳдидҳо ба ҳаёт ва саломатии мусофирон, ҳайати парвозӣ, кормандони авиатсионӣ, ҳавопаймоҳо, фурудгоҳҳо ва дигар иншоотҳои авиатсияи гражданӣ равона гардидааст тибқи талаботи Барномаи миллии бехатарии авиатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон на камтар аз ду маротиба дар як сол гузаронида мешавад.
Дар он ҳайати роҳбарикунандаи вазорату идораҳои дахлдор, ки дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 ноябри соли 2019, № 582 аъзои Комиссияи байниидоравӣ муайян гардидаанд, иштирок намуданд. Дар ҷаласа нахуст директори Агентии авиатсияи гражданӣ Назарзода Ҳабибулло оид ба низоми таъмини бехатарии авиатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намуданд. Сипас, масъалаҳои таъсиси комиссияи корӣ ҷиҳати омодагӣ ба санҷиши навбатии Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ИКАО), бартараф намудани норасогиҳое, ки дар санҷиши қаблии ин ташкилоти бонуфуз ошкор шуда буданд, инчунин, таҳлили сатҳи таҳдидҳо ва арзёбии хатарҳо ба авиатсияи гражданӣ, гузаронидани санҷишҳои озмоишӣ, ташкил ва гузаронидани машғулиятҳои назариявӣ бо иштироки ҳамаи вазорату идораҳои дахлдор, мувофиқа намудани лоиҳаҳои азнавсозӣ ва ё таҷдид аз ҷониби фурудгоҳҳои кишвар бо Агентии авиатсияи гражданӣ дар самти бехатарии авиатсионӣ, на камтар аз 4 бор гузаронидани комиссияи фурудгоҳӣ ва пешниҳоди ҳисобот ба Агентии авиатсияи гражданӣ, мувофиқат намудани сатҳи таъмини бехатарии авиатсионӣ дар фурудгоҳҳо ва ширкатҳои ҳавопаймоии кишвар ба стандартҳои байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар анҷоми ҷаласаи мазкур Раиси Комиссияи байниидоравӣ муҳтарам Усмонзода Усмоналӣ ҷиҳати омодагӣ ба санҷиши дарпешистода ҳамаи вазорату идораҳоро тибқи ваколатҳои додашуда вазифагузорӣ намуданд.
Мақсад аз баргузории ҷаласаи мазкур ин ҳамоҳанг намудани фаъолияти вазорату идораҳо дар таъмини бехатарии авиатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи бехатарии мусофирон ва пешгирии ҳолатҳои хатарнок дар фурудгоҳҳо ва ширкатҳои ҳавопаймоӣ нақши муҳим мебошад.