БА КОНВЕНСИЯ ОИД БА АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ТАҒЙИРОТ ВОРИД КАРДА ШУД
Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид. Дар иҷлосия азҷумла протокол оид ба ворид намудани тағйирот ба моддаҳои 50 (а) ва 56 Конвенсия оид ба авиатсияи граждании байналмилалӣ баррасӣ гардида, директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ҳабибулло баромад намуда, азҷумла қайд намуданд:
“Протоколҳо дар бораи ворид намудани тағйирот ба моддаҳои 50 (а) ва 56-уми Конвенсия оид ба авиатсияи граждании байналмилалӣ, 6 октябри соли 2016 дар шаҳри Монреал зимни баргузории ҷаласаи 39-уми Ассамблеяи Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ИКАО) ба имзо расида, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидаанд.
Мақсади асосии қабули протоколҳои мазкур такмили сохтори идоракунии ИКАО, баланд бардоштани сатҳи намояндагии давлатҳои аъзо ва мутобиқ намудани фаъолияти мақомоти асосии ташкилот ба рушди босуръати соҳаи авиатсияи граждании байналмилалӣ мебошад.
Тибқи тағйироти пешниҳодшуда ба моддаи 50 (а) шумораи аъзои Шурои ИКАО аз 36 то 40 давлат зиёд карда мешавад.
Зарурати қабули тағйироти мазкур ба он вобаста аст, ки аз замони охирини таҷдиди ҳайати Шуро дар соли 1990 шумораи давлатҳои иштирокчии Конвенсияи Чикаго ба таври назаррас афзоиш ёфта, айни ҳол зиёда аз 190 давлатро дар бар мегирад. Дар чунин шароит нигоҳ доштани тавозуни муносиби минтақавӣ ва таъмини иштироки васеи давлатҳо дар раванди қабули қарорҳо аҳаммияти махсус касб менамояд.
Афзоиши ҳайати Шуро ба таъмини намояндагии мутавозини минтақаҳои гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла давлатҳои рӯ ба рушд ва кишварҳое, ки соҳаи авиатсияи онҳо босуръат рушд менамояд, равона гардида, ин иқдом ба баланд гардидани шаффофият ва самаранокии фаъолияти Шурои ИКАО мусоидат менамояд.
Тибқи тағйироти ба моддаи 56 пешниҳодшуда бошад, шумораи аъзои Комиссияи аэронавигатсионии ИКАО аз 19 то 21 нафар зиёд карда мешавад.
Бо дарназардошти рушди босуръати технологияҳо ва мураккаб гардидани муносибатҳои техникию ҳуқуқӣ дар соҳаи авиатсияи граждании байналмилалӣ, ҷалби шумораи бештари мутахассисони баландихтисос барои таҳия ва такмили стандартҳо ва амалияи тавсияшавандаи байналмилалӣ, ниҳоят муҳим арзёбӣ мегардад.
Афзоиши ҳайати Комиссияи аэронавигатсионӣ имкон медиҳад, ки таҷриба ва донишҳои касбии коршиносон аз давлатҳои дигар бештар истифода гардида, сифати таҳияи стандартҳои байналмилалии авиатсионӣ боз ҳам беҳтар карда шавад.
Илова бар ин, иштироки васеи давлатҳо дар фаъолияти мақомоти техникии ИКАО ба онҳо имконият медиҳад, ки дар раванди таҳия ва такмили санадҳои байналмилалии соҳа фаъол бошанд.
Қабули ин протокол ба манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгӯ буда, ба таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ, баланд бардоштани сатҳи иштироки давлатҳо дар фаъолияти ИКАО ва такмили низоми байналмилалии амнияти авиатсионӣ мусоидат менамояд”.
Дар охири маҷлис нисбати протоколи мазкур қарори дахлдор қабул карда шуд.