7 сентябри соли 2026 дар бинои Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ роҳбарияти Агентӣ, кормандони дастгоҳи марказӣ ва намояндаи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Ҳадаф аз баргузории чорабинӣ арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, таҳкими ҳисси ватандӯстиву ифтихори миллӣ, бозгӯ намудани дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ ва таъкид бар нақши кормандони соҳаи хариди давлатӣ дар рушди низоми идоракунии давлатӣ буд.
Дар оғози чорабинӣ директори Агентӣ Зуҳурзода Саид Холахмад ҳозиринро ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуд.
Зуҳурзода С.Х. дар суханронии худ таъкид намуд, ки Истиқлоли давлатӣ бузургтарин дастоварди таърихии миллати тоҷик буда, заминаи асосии рушди устувор, таҳкими давлатдорӣ, сулҳу субот ва пешрафти ҳамаҷонибаи кишвар мебошад.
Зикр гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои гуногуни сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, барои рушди минбаъдаи кишвар заминаҳои мусоид фароҳам оварда шудаанд.
Дар идомаи суханронӣ директори Агентӣ ба рушд ва такмили низоми хариди давлатӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, қайд кард, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар самти такмили заминаи ҳуқуқӣ, баланд бардоштани шаффофият ва самаранокии равандҳои хариди давлатӣ, истифодаи технологияҳои муосири рақамӣ ва таҳкими рақобат дар бозори хариди давлатӣ корҳои назаррас анҷом дода шудаанд.
Таъкид гардид, ки саҳми кормандони Агентӣ дар рушди соҳа назаррас буда, фаъолияти содиқона, масъулияти баланди касбӣ, риояи қонунгузорӣ ва муносибати масъулиятнок ба иҷрои вазифаҳои хизматӣ дар татбиқи ҳадафҳои соҳа аҳамияти муҳим дорад.
Ҳамзамон, намояндаи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон суханронӣ намуда, кормандони Агентиро ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфт ва ба аҳамияти ҳифзи сулҳу ваҳдати миллӣ, суботи сиёсӣ ва саҳми ҳар як корманди соҳаи давлатӣ дар рушди минбаъдаи кишвар таъкид намуд.
Дар доираи чорабинии тантанавӣ ба як қатор кормандони Агентӣ барои фаъолияти самаранок, иҷрои софдилонаи вазифаҳои хизматӣ, масъулияти баланди касбӣ ва саҳми арзанда дар рушди соҳаи хариди давлатӣ ифтихорномаҳо тақдим карда шуданд.
Маросими қадрдонӣ баёнгари эҳтиром ба меҳнати кормандони соҳа ва ҳавасмандгардонии онҳо барои фаъолияти минбаъдаи пурсамар мебошад.
Дар фарҷоми чорабинӣ роҳбарияти Агентӣ ба кормандон барои фаъолияти содиқона ва саҳми арзандаашон дар пешбурди соҳаи хариди давлатӣ изҳори сипос намуда, ба онҳо тансиҳатӣ, саодати рӯзгор, дастовардҳои нави касбӣ ва комёбиҳои минбаъда дар роҳи хизмат ба Ватан орзу намуд.
Чорабинии тантанавӣ дар фазои ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои истиқлол ва ваҳдати миллӣ баргузор гардид.