3 сентябри соли 2026 дар ноҳияи Ҷайҳун ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Чорабинии мазкур дар доираи омодагӣ ба таҷлили шоистаи ин санаи муҳими таърихӣ баргузор гардида, ба таҳкими ҳисси ифтихори миллӣ, ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои давлатӣ равона карда шуд.
Дар чорабинии тантанавӣ намояндагони гурӯҳи корӣ, роҳбарон ва кормандони мақомоти давлатӣ, намояндагони ҷомеа ва сокинони ноҳияи Ҷайҳун иштирок намуданд.
Яке аз чорабиниҳои асосӣ дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53-и ноҳияи Ҷайҳун баргузор гардид. Дар ҷараёни он сокинони ноҳия ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гардида, дастовардҳои муҳими кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ таъкид карда шуданд.
Дар чорабинии мазкур директори Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зуҳурзода С.Х. иштирок ва суханронӣ намуд.
Зуҳурзода С.Х. зимни суханронии худ аз номи роҳбарият ва кормандони Агентӣ сокинони ноҳияи Ҷайҳунро ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуд.
Директори Агентӣ таъкид кард, ки Истиқлоли давлатӣ бузургтарин дастоварди таърихии миллати тоҷик буда, барои рушди давлатдорӣ, таҳкими сулҳу субот, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва татбиқи ташаббусҳои созанда заминаи устувор фароҳам овардааст.
Зикр гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ дар кишвар дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа дигаргуниҳои назаррас ба амал омада, татбиқи барномаҳои созанда ва рушди инфрасохтори иҷтимоию иқтисодӣ ба пешрафти устувори минтақаҳои кишвар мусоидат менамояд.
Дар суханронии директори Агентӣ ба саҳми Агентӣ дар татбиқи ташаббусҳои созанда ва рушди инфрасохтори иҷтимоии ноҳияи Ҷайҳун таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Аз ҷумла, бо дастгирии Агентӣ дар ноҳияи Ҷайҳун бинои нави Қасри фарҳанги ноҳия сохта шуда, мавриди истифода қарор дода шуд. Иншооти мазкур яке аз объектҳои муҳими иҷтимоию фарҳангии ноҳия ба ҳисоб рафта, барои баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, рушди дастаҳои ҳунарӣ ва ташкили фароғати маънавии сокинон имкониятҳои бештар фароҳам меорад.
Таъкид гардид, ки татбиқи чунин лоиҳаҳо далели равшани он мебошад, ки рушди инфрасохтори иҷтимоӣ ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ барои аҳолӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати созандаи давлат ба ҳисоб меравад.
Ҳамзамон, дар ҷараёни чорабинӣ нақши хизматчиёни давлатӣ ва кормандони Агентӣ дар таъмини фаъолияти самараноки низоми хариди давлатӣ таъкид гардид. Қайд карда шуд, ки касбият, масъулиятшиносӣ ва иҷрои софдилонаи вазифаҳои хизматӣ аз ҷониби ҳар як корманд дар такмили минбаъдаи соҳаи хариди давлатӣ ва истифодаи самараноки маблағҳои давлатӣ аҳамияти муҳим дорад.
Дар доираи барномаи идона барномаи консертӣ бо иштироки дастаҳои ҳунарӣ ва санъаткорон баргузор гардида, ба чорабинӣ шукӯҳи хосса бахшид ва фазои идонаи онро боз ҳам ғанӣ гардонид.
Дар доираи чорабинӣ ба масъалаи дастгирии иҷтимоии қишрҳои алоҳидаи аҳолӣ низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Аз номи роҳбарияти Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор шаҳрвандони ниёзманд кӯмаки моддӣ расонида шуд.
Дар фарҷоми чорабинӣ намояндагони Агентӣ ба сокинони ноҳияи Ҷайҳун барои саҳми арзандаашон дар рушди ноҳия изҳори сипос намуда, ба ҳамагон тансиҳатӣ, рӯзгори обод, сулҳу осоиш ва комёбиҳои нав орзу намуданд.
Чорабинии тантанавӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои ваҳдати миллӣ, ватандӯстӣ ва ифтихор аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон баргузор гардид.
35 соли Истиқлоли давлатӣ — 35 соли сулҳу созандагӣ, пешрафт, рушди устувор ва қадамҳои устувори Тоҷикистон ба сӯи дастовардҳои нав мебошад.