Дар ҳошияи баргузории Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (COP31) мулоқоти Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо Вазири экологияи Ҷумҳурии Озарбойҷон Рашад Исмоилов баргузор гардид.
Ҷонибҳо дурнамои тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, тағйирёбии иқлим ва ҳифзи экосистемаҳои табиӣ муҳокима намуда, аҳамияти рушди ҳамкории созандаро, ки асоси онро Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, ки 23 майи соли 2024 дар шаҳри Боку ба имзо расидааст, таъкид карданд.
Дар мулоқот ба таҳияи Барномаи муштараки ҳамкории экологӣ барои солҳои 2027-2028, ки мубодилаи таҷрибаи коршиносон, фаъолиятҳои муштарак ва татбиқи ташаббусҳои мушаххаси экологӣ пешбинӣ мекунад, таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда шуд. Дар заминаи рӯзномаи иқлим, нақши назарраси Озарбойҷон дар ташкил ва баргузории 29-умин Конфронси тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (COP29) қайд карда шуд.
Дар ин робита, пешниҳод карда шуд, ки мубодилаи таҷриба дар татбиқи Саҳмҳои муайяншудаи миллӣ (NDC), ҷалби маблағгузории иқлим ва омода кардани лоиҳаҳои сармоягузорӣ барои мутобиқшавӣ ба иқлим тақвият дода шавад. Ҳифзи гуногунии биологӣ ва барқарорсозии экосистемаҳои вайроншуда як мавзӯи алоҳидаи мулоқот буд. Тарафҳо имкониятҳои ҳамкорӣ дар идоракунии устувори ҷангалҳо, мониторинги гуногунии биологӣ ва ҳифзи экосистемаҳои кӯҳӣ, аз ҷумла тавассути таҳияи лоиҳаҳои муштарак бо Фонди ҷаҳонии экологӣ ва дигар ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ ва шарикро баррасӣ карданд.
Ҷониби Тоҷикистон инчунин ташаббуси бузурги худро барои шинондани ду миллиард дарахт дар доираи “Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040”муаррифӣ кард ва мубодилаи таҷриба дар самти парвариш ва ниҳолшинонӣ, барқарорсозии ҷангалҳо, идоракунии ниҳолхонаҳо ва фазоҳои сабзро пешниҳод кард.
Рақамӣ кардани идоракунии муҳити зист зимни мулоқот таъкид гардида, мубодилаи таҷриба дар татбиқи системаи экологияи рақамӣ, аз ҷумла мониторинги рақамии муҳити зист, иҷозатномадиҳии муҳити зист ва пойгоҳҳои обуҳавошиносӣ ва гуногунии биологӣ зоҳир карда шуда, дурнамои ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи пиряхҳо, мониторинги тағйирёбии иқлим дар минтақаҳои кӯҳистонӣ, таҳияи системаҳои огоҳкунии барвақтӣ ва баланд бардоштани устувории экосистемаҳои кӯҳиро баррасӣ гардид.
Аҳамияти ҳамкории байналмилалӣ дар татбиқи ташаббусҳои Тоҷикистон, ки ба ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои об нигаронида шудаанд, таъкид карда шуд. Пас аз мулоқот, ҷонибҳо барои тақвияти минбаъдаи шарикии дуҷонибаи худ ва мувофиқа кардани Нақшаи ҳамкории амалӣ барои солҳои 2027-2028, ки мубодилаи коршиносон ва таҳияи консепсияи лоиҳаи муштарак дар соҳаи ҳифзи гуногунии биологӣ ё мутобиқшавӣ ба иқлимро дар бар мегирад, изҳори ҳавасмандӣ карданд.
Дар ин мулоқот манфиатдории мутақобилаи Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар густариши шарикии экологӣ ва пешбурди муштараки ташаббусҳое, ки ба ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувор, мубориза бо тағйирёбии иқлим ва ҳифзи мероси табиӣ нигаронида шудаанд, тасдиқ карда шуд.