Дар ҳошияи баргузории Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP31), ки дар шаҳри Анталияи Ҷумҳурии Туркия ҷараён дорад, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола 16 ноябр таҷлил мегардад, бо иштироки ҳайати намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда шуд.
Зимни чорабинӣ иштирокчиён аз нақши муҳим ва таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлатдории миллӣ, таъмини сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ёдовар шуданд.
Қайд гардид, ки бо ташаббусҳои созанда ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат масъалаҳои мубрами ҷаҳонӣ, аз ҷумла ҳифзи муҳити зист, тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои об дар сатҳи байналмилалӣ мавқеи муҳим касб намудаанд.
Ҳамзамон, таъкид карда шуд, ки ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим, аз ҷумла ҳифзи пиряхҳо ва пешбурди дипломатияи об, бозгӯи саҳми арзандаи кишвар дар ҳалли мушкилоти глобалии экологӣ мебошанд.
Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи чорабиниҳои байналмилалии COP31 бозгӯи эҳтиром ба арзишҳои давлатдорӣ, худшиносии миллӣ ва саҳми Тоҷикистон дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии иқлим ба ҳисоб меравад.